Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Қаробоғ то Зангизур. Боку ва Ереван дар остонаи як созиши таърихӣ

навшуда

Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон (чап), Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико (байн) ва Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон (рост). Коллаж
Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон (чап), Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико (байн) ва Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон (рост). Коллаж

Арманистону Озарбойҷон шояд дар остонаи як созишномаи таърихии сулҳ ва ё ҳадди ақал эълом дар он бораи он қарор дошта бошанд ва он ҳам дар Вашингтон.

Охири ҳамин ҳафта раҳбарони ду кишварро Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар Кохи Сафед мизбонӣ мекунад. Қарор аст, Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон барои гуфтугӯ ба Амрико биравад ва Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон ҳам барои музокирот дар онҷо хоҳад буд. Ҳанӯз мушаххас нест, ки дидор чӣ гуна сурат мегирад, ҳамроҳ ё ҷудогона. Ҳеч иттилооти дақиқ ҳам дар ин бора аз ҳукуматҳои ин кишварҳо нашр нашудааст.

Расонаҳо бо такя ба манобеи дипломатӣ навиштаанд, ки мумкин аст, Доналд Трамп қабл аз мулоқоти сеҷониба бо ду раҳбар дар рӯзи 8-уми август ҷудогона суҳбат кунад. Бо вуҷуди ин, шояд ду тараф созише имзо накунанд ва танҳо аз қасди худ барои расидан ба тавофуқ дар ояндаи наздик эълом бидиҳанд.

Ҳасмик Ҳакобиён, узви ҳизби ҳоким ва Кумитаи робитаҳои хориҷии порлумони Арманистон, гуфт: “Ҳеч суҳбат аз имзои санаде нест. Натиҷаи музокирот таъйин хоҳад кард, кӣ агар санаде ҳам имзо шавад, чӣ гуна санад хоҳад буд.”

Қаробоғи Кӯҳӣ. Акс аз бойгонӣ
Қаробоғи Кӯҳӣ. Акс аз бойгонӣ

Тармими равобит пас аз ҷанг

Арманистону Озарбойҷон пас аз суқути Шӯравӣ ва расидан ба истиқлол дар соли 1991 барои вилояти Қаробоғи Кӯҳӣ ду бор бо ҳам сахт ҷангидаанд. Ин ду кишвари воқеъ дар ҷануби Қафқоз соли 2020 ҳам як ҷанги сахте барои ин вилояти арманнишинини Озарбойҷон доштанд ва пас аз ин ҷанг арманиҳои зиёде онро тарк карданд. Баъд аз ин, Ереван Қаробоғи Кӯҳиро ҳамчун қаламрави Озарбойҷон ба расмият мешиносад ва ду тараф барои беҳбуди робитаҳо қадамҳои муҳиме пеш гузоштаанд.

Моҳи марти имсол ва пас аз солҳо музокирот ду ҷониб аз ниҳоӣ шудани матни созиши сулҳ расман эълон доданд, вале ин санад ҳанӯз ба имзо нарасидааст. Озарбойҷон шарт гузоштааст, ки Арманистон аз Қонуни асосиаш банди марбут ба эъломи истиқлолро дар соли 1990 бардорад, ки дар он ишорае ба муттаҳид кардани Қаробоғи Кӯҳӣ аст. Боку ҳамзамон мехоҳад, Гурӯҳи Минск пароканда карда шавад, ки аз Амрикову Русия ва Фаронса таркиб ёфтааст ва вазифааш ҳалли муноқишаи Қаробоғ буд.

Арманистон ҳарду шартро пазируфта, аммо таъкид дорад, ки ислоҳи Қонуни асосӣ барои чанд соли оянда масъалаи дохилӣ мемонад ва Гурӯҳи Минскро метавонанд, ҳамзамон бо имзои созишномаи сулҳ пароканда созанд. Ин ҳарду ҳам танҳо монеаҳои дар сари роҳи тавофуқ нестанд.

Дар як пешрафти дипломатии дигар, ки ба истиқболи ҷомеаи байнулмилалӣ рӯ ба рӯ шуд, ин буд, ки Арманистону Озарбойҷон дар баҳору тобистони соли 2024 барои нахустин бор як бахши 13-километрӣ аз марзи шимолии худро мушаххасу аломатгузорӣ карданд. Бар асоси ин созиш, артиши Арманистон аз чаҳор рустои беодам, ки пеш аз оғози ҷанг дар аввали солҳои 1990 бахше аз ҷумҳурии Озарбойҷони Шӯравӣ буд, ақибнишинӣ кард.

Ҳар ду тараф гуфтанд, ки раванди аломатгузориву марзбандиро идома медиҳанд, аммо дар тӯли як соли гузашта дар он бахшҳои сарҳад, ки Арманистон аз худ мешуморад ва иддао дорад, ки Озарбойҷон беш аз 200 километри мураббаи онро ишғол кардааст, пешрафте ҳосил нашудааст.

Мухолифони давлатии Арманистон аломатгузории ҷанҷолии марз ва гомҳои дипломатии баъдии ҳукуматро “таслим” ба Озарбойҷон номида, хоҳони истеъфои Никол Пашинян шудаанд. Бо вуҷуди ин, тазоҳуроти хиёбонӣ ва гирдиҳамоиҳои ҳазороннафарӣ дар моҳҳои май ва июни соли 2024 саранҷом фурӯ нишастанд ва сарвазири Арманистон гуфт, ки саъйи ҳукумат барои сулҳи пойдор бо Озарбойҷон ҳамчунон аз ҳимояти густардаи мардум бархурдор аст.

Навор дар инҷо:

Боку ва Ереван дар остонаи як созиши таърихӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:40 0:00

Долони Зангизур

Як нуктаи дигари ихтилоф миёни Арманистону Озарбойҷон коридор ё даҳлези “Зангизур” аст. Бар асоси яке аз бандҳои созиши оташбаси соли 2020, ки бо миёнравии Маскав ҳосил шуд ва ба ҷанги хунини 44-рӯза дар Қаробоғи Кӯҳӣ поён дод, Арманистон бояд аз тариқи ин коридор “амнияти нақлиёт ва рафтуомад” байни хоки Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Худмухтори Нахҷувон дар ғарби ин кишварро таъмин кунад.

Арманистон, ки тақрибан 40 сол тавассути Озарбойҷону Туркия дар муҳосираи заминӣ аст, пайваста таъкид кардааст, ки ин роҳи транзитӣ бояд бахше аз раванди умумии бозкушоии минтақа бошад ва салоҳияту тамомияти арзии Арманистонро муҳтарам шуморад.

Мақомоти Арманистон тақозо ва истилоҳи “коридори фаромарзӣ”-ро як навъ иддаои пинҳони Озарбойҷон сари ин қаламрав мешуморанд. Соли 2024 ба сабаби даст наёфтан ба роҳи ҳалли муштарак, ду кишвар гуфтанд, ки масъалаи коридори мазкур ва ҳамлу нақл ба таври ҷудогона аз созиши сулҳ баррасӣ хоҳад шуд.

Бар тибқи созиши оташбаси соли 2020 назорати роҳҳои равуо ва боркашӣ байни Арманистону Озарбойҷон бояд дар дасти ФСБ, Хадамоти Федеролии Амнияти Русия, бошад. Пас аз нокомии нерӯҳои посдори сулҳи Русия дар муҳофизати арманиҳо ҳангоми амалиёти низомии Озарбойҷон дар моҳи сентябри 2023 ва хуруҷи онҳо, Арманистон рӯйкарди геополитикии худро тағйир дод ва ба ғарб наздиктар шуд.

Гуфтугӯ дар бораи эҳтимоли ҳузури Амрико дар идораи ин роҳ дар ҷараёни дидори рӯзи 10-уми июл байни Пашинян ва Алиев дар Абузабӣ матраҳ шуд. Дар гуфтугӯе, ки панҷ соат идома ёфт, гуфта мешавад, ки ҳамин коридор масъалаи асосӣ будааст.

Томас Барак, сафири Амрико дар Туркия, гуфт, Вашингтон пешниҳоди иҷораи 100-солаи ин роҳи транзитиро матраҳ кардааст, то байни ду кишвар созиши сулҳ имзо шавад. Ӯ рӯзи 11-уми июл дар шаҳри Ню-Йорк гуфт: “Онҳо (Арманистону Озарбойҷон) сари 32 километр роҳ баҳс мекунанд, аммо ин шӯхӣ нест. Ин мавзуъ як даҳсола аст, ки идома дорад ва 32 километр роҳ.”

Симхор дар минтақаи Тавуш пас аз гузаштани замин ба Озарбойҷон, моҳи июли соли 2024
Симхор дар минтақаи Тавуш пас аз гузаштани замин ба Озарбойҷон, моҳи июли соли 2024

Нозил Багдасарян сухангӯи Пашинян иддаоро дар бораи иҷора рад кард, аммо нахуствазири Арманистон рӯзи 16-уми июл тасдиқ кард, ки Амрико пешниҳод кардааст, ҳаракати мардум ва мошинҳо аз тариқи маҳаллаи Суйник аз тарафи як ширкати амрикоӣ мудирият шавад. Багдасарян аз омодагии Ереван барои ба мудирияти тарафи саввум супурдани роҳи транзитии Суйник, аз ҷумла як ширкати амрикоӣ, ё як ширкати муштарак хабар дод, вале бар ҳифзи соҳибихтиёрии Арманистон ба ин ягона минтақаи марзиаш бо Эрон таъкид кард.

Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон, дар ин муқобил дигарбора бар хостаҳои худ таъкид кард. Ӯ моҳи июл бо фишори дигарбора ба Арманистон гуфт: “Бору шаҳрвандони Озарбойҷон набояд маҷбур бошанд, чеҳраи марзбонони арманӣ ё ҳар фарди дигареро бубинанд. Набояд ҳеч дасти касе ба дасти касе расад ва бояд тадобири амниятие барқарор бошад, то мардум ва борҳои мо битавонанд озодона убур кунанд.”

Давлати Арманистон ин хостаҳоро рад кардааст. Дар ҳамин ҳол аҳзоби мухолиф дар Арманистон хоҳони гуфтугӯи васеътар на фақат дар бораи ин бозгушоии ин роҳи хос, балки ҳамаи роҳҳои минтақа, бо ҳадафи поён додан ба муҳосираи тӯлонимуддати Арманистон ҳастанд.

Кӣ розӣ ва кӣ мухолиф?

Сулҳи пойдору боз кардани як роҳи транзитӣ аз тариқи Арманистон метавонад, Қафқозу Осиёи Марказии саршор аз нафту газро бидуни убур аз Русияву Эрон ба Аврупо бипайвандад. Вале ҳарду, Русия ва Эрон, нигаронии худро аз ҳузури эҳтимолии Амрико дар минтақаи стратегии Суйники Арманистон, ки бо Эрон ҳаммарз аст, иброз кардаанд.

Русия ҳукумати Амрикоро муттаҳам кард, ки талош дорад, раванди сулҳи Арманистону Озарбойҷонро ба даст бигираду қудратҳои минтақаро канор бизанад. Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия, рӯзи 24-уми июл гуфт: “Ғарбиҳо қасд доранд, раванди оштии Боку ва Ереванро ба роҳҳои худ гузаронанд. Мо медонем, ин роҳҳо маъмулан дар куҷо поён меёбанд ва ин метавонад, боиси баҳам хӯрдани таодули низоми амниятӣ дар минтақа шавад.”

Эрон низ ба шиддат бо ҳар созише, ки ба бовари он метавонад, марзаш бо Арманистонро ба хатар андозад, мухолифат кардааст. Алиакбари Вилоятӣ, мушовири аршади раҳбари Эрон, ҳушдор додааст, кишварҳое, ки “дарун ё беруни минтақа” ҳастанд, набояд ба дунболи эҷоди як коридори заминӣ барои Озарбойҷон дар он минтақаи Арманистон бошанд, ки бо Ҷумҳурии Исломӣ ҳаммарз аст.

Ӯ рӯзи 4-уми август пас аз гузоришҳо доир ба мизбонии Трамп аз раҳбарони Арманистону Озарбойҷон дар Кохи Сафед, дар шабакаи иҷтимоӣ Х навишт: “Бори дигар баъзе аз ҳукуматҳои вонамудгар ва бетавваҷуҳ барои пешбурди манофеашон, мавзӯи коридори Зангизурро матраҳ карда, худро дар Қафқози ҷанӯбӣ ба ҳар даре мезананд.”

Нозирон мегӯянд, нишаст 8-уми август дар Кохи Сафед метавонад, фурсати пурсарусадо барои Трамп бошад, то парвандаи худро барои дарёфти Ҷоизаи Сулҳи Нобел тақвият кунад.

Кохи Сафед иддао дорад, ки Трамп чандин муноқишаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ихтилофҳои байни Тайланду Камбоҷа, Исроилу Эрон, Руанда ва Ҷумҳурии Демократики Конго, Ҳинду Покистон, Сербистону Косово ва Мисру Эфиопияро бо муваффақият поён додааст. Вале онгуна, ки таҷрибаи муноқишаҳои деринае чун Косово ва Сербистон нишон додааст, сарфи назар аз имзои созиш кафолате барои сулҳу суботи пойдор нест.

Масоили асосӣ ҳамчунон боқист, аз ҷумла ихтилофоти ҳалношуда дар бораи бозгашти оворагони арманӣ аз Қаробоғи Кӯҳӣ, сарнавишти асирони ҷангии арманӣ, ки ҳанӯз дар Боку нигаҳдорӣ мешаванд. Афзун бар ин хусумату душмании бештар аз 40-сола байни ду кишвар ҳамчунон монеи оштии воқеӣ аст.

Интизор меравад, эъломи эҳтимолии Арманистону Озарбойҷон дар Вашингтон ҳамзамон бо поёни зарбулаҷали Трамп ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, барои поён додан ба ҷанги Украина дар рӯзи 8-уми август бошад. Нозирон бар ин боваранд, ки агар ин дархости Вашингтон рад шавад, пешрафт дар Қафқоз метавонад, шикасти эҳтимолии дипломати Амрикоро ба ҳадде ҷуброн кунад.

XS
SM
MD
LG