Вазорат ба муҳоҷирон: ҳуҷҷати худро дуруст кунед, то ихроҷ нашавед

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бори дигар муҳоҷирони тоҷикро огоҳ кардааст, ки ҳама санадҳои худро дуруст кунанд, то баъди як моҳ аз ин кишвар берун нашаванд.

Дар асоси фармони Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, хориҷиёне, ки дар ин кишвар ғайриқонунӣ кору зиндагӣ доранд, то 10-уми сентябр фурсат доранд санадҳои худро дуруст кунанд.

Сабти ном дар идораи муҳоҷират, пешниҳоди маълумоти биометрӣ ва пизишкӣ, шаҳодатномаи донистани забони русӣ ва иҷозаи иқомат, аз шартҳои асосӣ гуфта мешаванд.

Ҳамчунин, муҳоҷирон бояд ҷаримаҳо ва пули телефонро пардохт карда бошанд ва аз хадамоти дигари давлатӣ, қарздор набошанд.

Русия мизбони асосии муҳоҷирони кории тоҷик аст ва бино ба гузоришҳо, беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар он кишвар кору иқомат мекунанд.

Гузоришҳо дар бораи таҳқиру бадрафторӣ бо ин муҳоҷирон ва зери по кардани ҳуқуқи онҳо зиёд нашр мешаванд.