Баъди марги як тифл дар яке аз кӯдакистонҳои Душанбе нисбат ба 5 кас парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ин бора намояндагони Додситонии куллии Тоҷикистон рӯзи 8-уми август хабар доданд.
Рӯзи 19-уми май дар кӯдакистони "Суолу ҷавоб" дар шаҳри Душанбе Судайси дусола ба ҳалокат расид. Навори ҷон кандани ин кӯдак, ки ба панҷараи рахти хоб овезон шуда буд, вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.
Намояндагони Додситонии кул гуфтанд, ба ҷуз ёвари мураббӣ, ки масъули нигоҳубини кӯдакон буд, мудири кӯдакистон, ду корманди бахши иҷозатномадиҳии Вазорати маориф ва пизишки бахши санитарӣ низ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, намояндагони шуъбаи маориф ва пизишки масъул барои хунукназарӣ ҷавобгар ҳастанд.
Дар нишасти Додситонии кул гуфтанд, парвандаи ин афрод 4-уми август ба додгоҳ фиристода шудааст.
Пештар Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ҳам гуфт, кори кӯдакистони "Суолу ҷавоб" ғайриқонунӣ буд. Аммо вазир дар бораи ҷавобгар шудани ду корманди ниҳоди зертобаш чизе нагуфта буд.
Назари хонаводаи мураббии боздоштшуда ва чор гумонбари дигар ба ин қазия маълум нест.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пештар гуфта буд, ки мураббӣ вазифаи худро дуруст иҷро накарда, вақти хоби кӯдакон онҳоро танҳо гузоштааст. Дар натиҷа "аз беэҳтиётӣ писари 2-сола аз гарданаш дар панҷараи рахти хоб овезон шуда ба ҳалокат расидааст".