Беш аз 1 млрд сомонӣ. Ҷузъиёти айбномаи Исматулло Абдуллозода ва шариконаш

Исматулло Абдуллозода

Исматулло Абдуллозода, раиси боздоштшудаи Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе ва чанд зердасти собиқаш ба тасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ муттаҳам шудаанд.

Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия, рӯзи 8-уми август дар нишасти хабарӣ гуфт, “аз ин ҳисоб, тасарруфи 961 миллион сомонӣ ба худи Исматулло Абдуллозода рост меояд.” Пештар манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки раиси собиқи Фурудгоҳи Душанбе ба истифодаи нодурусти тақрибан панҷсад миллион сомонӣ айбдор аст.

“Ин кор тавассути истифодаи ширкатҳои якрӯза, нақдикунонӣ ва тасарруфи маблағҳои Фурудгоҳ бо баҳонаи харид ва таъмини молу маводи зарурӣ сурат гирифтааст,” – шарҳ дод раиси Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ.

Ӯ афзуд: “Нисбат ба раиси Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе Абдуллозода, нисбат ба муовини ӯ Маликзода, сардори хадамоти таъминот ва хидматрасонии фурудгоҳ Давлатов, мудири анбор Холов, сармуҳосиб Исматуллозода, хазинадори ҷамъият Ҷӯраев, инчунин, роҳбарону намояндагони молрасон ва дигарон ҷамъ нисбат ба 22 нафар парванда оғоз гардид. Ҳоло тафтиш идома дорад.”

Ба иттилои расмӣ, алайҳи ин афрод бо ду банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон” (аз пардохти ҷарима то шаш сол зиндон) ва “сохтакории такрорӣ бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи одамон” (аз панҷ то ҳафт сол зиндон) айбнома эълон шудааст.

То имрӯз, ба гуфтаи Сулаймон Султонзода, “аз пулҳои тасарруфшуда 281 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат баргардонда шуда, ҷиҳати барқарории пулҳои боқимонда чораҳои зарурӣ гузаронда истодаанд.” Пештар яке аз наздикони Исматуллозода дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки баъзе амволи ӯ, аз ҷумла чор тарабхона дар Душанбе, ду осоишгоҳ дар атрофи пойтахт ва чанд манзили зист дар вилояти Хатлонро ба фурӯш гузоштаанд.

Исматулло Абдуллозода рӯзи 2-юми майи имсол аз мақомаш барканор ва дастгир шуд. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон навишт, ки Абдуллозода ва муовинони ӯ "дар робита ба санҷиши молиявӣ ва ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон аз вазифаҳо озод карда шуданд".

Абдуллозода аз соли 2016 раиси Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе буд. Ба ҷойи ӯ Зайнулло Шарифзода, аз хонаводаи Соҳибовҳо, ки бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайванди хешутаборӣ доранд, раиси фурудгоҳ таъин шуд. Ба иттилои Сулаймон Султонзода, санҷиши Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе дар солҳои 2022-2025 сурат гирифтааст.