Ҷазо барои "лайк" аз байн рафт, вале касе озод нашуд

Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, то имрӯз дар робита ба бозбинии ҳукми афроде, ки барои гузоштани "лайк" зиндонӣ шудаанд, касе ба додгоҳ муроҷиат накардааст ва ҳеҷ парвандае бозбинӣ намешавад.

Pустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 7-уми август, зимни нишасти хабарӣ гуфт, қонунгузорӣ имкони бозбинии ҳукмҳоеро, ки дар доираи парвандаҳои вобаста ба писандидан ва бознашри матолиби дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда, содир шудаанд, бо шарти набудани ҷиноят дар парванда, пешбинӣ кардааст.

Ба таъкиди раиси Додгоҳи олӣ, "агар ҳукм танҳо дар асоси парвандаи "лайк" содир шуда бошад, имкони бозбинии ҳукм вуҷуд дорад. Аммо агар дар парванда ҷиноятҳои дигар низ бошад, ин меъёри қонун татбиқ намешавад".

Ҳоло дар Тоҷикистон ҳазору 507 шаҳрванд бинобар гузоштани "лайк" дар навору гузоришҳои интернетӣ ва навиштани "шарҳу мулоҳизаҳои мазмуну муҳтавои террористию экстремистидошта", дар зиндонҳо қарор доранд.

Рӯзи 14 май, як моҳ баъди мувофиқати парлумони Тоҷикистон бо бекор кардани ҷазои ҷиноӣ барои "лайк"-гузорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам ин қонунро имзо кард.

Ин муқаррарот тақрибан ҳафт сол амал кард ва бар асоси он зиёда аз якуним ҳазор касро ҷазо доданд.

Дар гузашта боздошту муҷозоти сокинон барои нашри маълумоти танқидӣ дар шабакаҳои иҷтимоиро созмонҳои ҳомии ҳуқуқ "таъқиб барои танқид" номида буданд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ, озодии баёнро саркӯб ва норозиёнро зиндонӣ мекунад.