Чанд шаҳрванди Чин ва Афғонистон бо гумони ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Хатлон) боздошт шудаанд. Додситони ноҳия гуфт, ин афрод дар соҳилҳои рӯди Панҷ заршӯйӣ мекарданд.
Абдулфайз Абдухолиқзода дар нишасти матбуотӣ афзуд: "Парванда алайҳи шаҳрвандони Хитой (Чин) ва Афғонистон айни ҳол дар баррасии судӣ (додгоҳӣ) қарор дорад. Парвандаро Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб боз кардааст."
Додситон шумораи боздоштшудагонро ифшо накард. Як манбаиба Радиои Озодӣ гуфт, ки чанд шаҳрванди Чин ва Афғонистон дар моҳи майи имсол бо ҳадафи заршӯйӣ марзро гузашта, вориди Тоҷикистон шудаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, онҳо савори экскваторҳо аз ҷойҳои камоби рӯдхона гузаштаанд ва ҳоло ду экскватори ин афрод дар дасти мақомоти тафтишотиянд. Додситони ноҳия, Абдулфайз Абдухолиқзода ҳам инро тасдиқ кард, ки марзшиканҳо бо экскватор вориди Тоҷикистон шудаанд.
Зафар Гулзода, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, гуфт, аслан ин афрод мебоист дар он сӯйи марз заршӯйӣ мекарданд, на ҳудуди Тоҷикистон. "Инҳо аслан ба коркарди тилои пошхӯрда машғуланд. Сарҳадро убур карданд, дастгир шуданд," -- афзуд ӯ.
Вуруди шаҳрвандони Чин ва Афғонистон аз он сӯйи марз дар ҳолест, ки моҳи ноябри соли 2024 дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон як шарванди Чин кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд.
Ҳодиса дар корхонае дар дараи Зарбуз иттифоқ уфтод, ки соли гузашта сабтином шуда, бо истихроҷи тило машғул аст. Додситони ноҳия шаш моҳ пеш гуфта буд, ки нисбат ба ин ҳодиса парванда боз шудааст.
Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар вилояти Хатлон бо вилоятҳои Тахор ва Бадахшони Афғонистон марзи муштарак дорад. Баъди ба сари қудрат омадани "Толибон" коркарди тило дар лаби дарёи Панҷ аз он сӯйи марз бештар шуд. Ҳоло дар баробари шаҳрвандони Афғонистон чиниҳо ҳам дар он ҷо тило меҷӯянд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Боздошти чанд шаҳрванди Чину Афғонистон дар марз